«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доир ба пос доштани либоси миллӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» омӯзгорзанону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш либоси атласу адрас ва чакан ба бар намуда, дар ин иқдом фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Таърих гувоҳ аст, ки зан -модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат будааст. Инчунин яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳо аст.
Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» баргузор мегардад.
Ин анъана дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар руҳияи эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намудани донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ баргузор шуд.
Дар ин рӯз омӯзгоронзанон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо либосҳои миллӣ дар саҳни донишгоҳ ба сайру гашт баромада, либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.
Либоси миллӣ чун рукне аз фарҳанги миллӣ ва ёдгор аз гузаштагон дар тамоми марҳилаҳо муaрриф вa бaёнгaри фaрҳaнги миллии хaлқи тоҷик мaҳсуб шудa, бо шaрофaти сиёсaти хирaдмaндонa, тaбъу зaвқи бaлaнд, ояндaнигaрии пояндa вa меҳaнпaрaстии беҳaмтои Пешвои маҳбуби миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр aрсaи ҷaҳонӣ ба таври шоиста муaррифӣ мегaрдад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад






