«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид

Май 5, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 05.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Либос ҷузъи фарҳанги ҳар миллат аст. Либоси миллии тоҷикӣ ифодагари назокату малоҳати зани тоҷик буда, дар ақсои олам маҳз бо атласу адрас ва чакан симои занҳои тоҷик мондагор мебошад. Ин матлаб зимни баргузории Фестивали мӯд таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» дар Донишкадаи давлатии санъати  тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки фестивал имконияти хубе баҳри омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантони донишкада барои муаррифии маҷмуи либосҳои омоданамудаашон мебошад. Донишҷӯён ва магистрантони донишкада дар коллексияашон либосҳои шинаму зеборо бо матои атласу адрас ва чакан ҷой додаанд.

Фестивал бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, дар руҳияи зебоипарастӣ тарбия намудани донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани либосҳои атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ баргузор гардид.

АКС аз бойгонӣ

Май 5, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад