«ВОРИСОНИ ШАШМАҚОМ». Бахшида ба Рӯзи шашмақом китоби нав нашр гардид
ДУШАНБЕ, 09.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Шашмақом, ки ҳамасола 12 май дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, китоби «Ворисони Шашмақом»-и Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва роҳбари ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Саидзода дар нашриёти «ЭР-граф» ба табъ расид.
Ин рисолаи илмию пажуҳишӣ зери назари доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов чоп шуда, муҳаррири масъули он Баҳриддин Мирзоев, муҳаррирон Маҳмадуллоҳ Табарӣ ва Шаҳобиддин Ҳақназар мебошанд.
Китоб аз 5 бахш ва аксҳои арбобони барҷастаи давлатӣ, навошиносони ҳавзаҳои мусиқии суннатӣ, устодони варзидаи Шашмақом, муҳаққиқони мусиқӣ ва ворисони шашмақом иборат аст.
Дар китоби «Ворисони Шашмақом далелҳои хеле муътамад дар бораи ҳаёту фаъолияти чеҳраҳои шинохта, устодони варзидаи санъат, саромадони ҳавзаҳои мусиқии суннатӣ, муҳаққиқони мусиқӣ, санъатшиносон ва ҳунармандон, ки дар рушди фарҳангу санъати халқи тоҷик, хусусан жанри шашмақом саҳми бориз гузоштаанд, гирд оварда шудаанд.
Бояд гуфт, ки Рӯзи шашмақом дар Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб таҷлил мегардад.
Дар иртибот ба таҷлили Рӯзи шашмақом аз 10 то 14 май дар Душанбе бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва санъатшиносони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






