Ёдгории бостонии «Тахти Шоҳӣ» бозгӯи он аст, ки ин мавзеъ аз қадим макони зисти тоҷикон будааст

Май 7, 2024 16:11

ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани корҳои ҳафриётиву пажуҳишӣ аз ҷониби як гурӯҳ бостоншиносони   Осорхонаи миллӣ  дар мавзеи бостонии «Тахти Шоҳӣ» муайян гардид, ки ёдгории бостонии «Тахти Шоҳӣ» дорои тамоми хусусияти ҳаётӣ -замини фарох, об, мавқеи мусбати ҷуғрофӣ ва ғайра  буда, аз қадимулайём макони зисти ниёгони мо, тоҷикон будааст.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Алишер Зарипов  иттилоъ дод. 

Мавзеи бостонии «Тахти Шоҳӣ» дар маҳаллаи Маърифатии шаҳри Душанбе воқеъ мебошад.

Бозёфтҳои муҳими таърихӣ, ба монанди боқимондаҳои девори аслӣ, пойдевор, оташдон, зарфҳои хоҷагидорӣ -кӯза, табақ, коса, дег, хум ва дигар осори маишӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Корҳои пажуҳишии муқаддамотӣ бозгӯи он мебошанд, ки  дар ҳафриёти оянда низ аз ин мавзеи бостонӣ кашфи дастовардҳои нави таърихӣ имконпазир аст.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намудани экспедитсияҳои бостоншиносӣ ба мавзеъҳои гуногуни таърихии мамлакат аст.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 7, 2024 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд