35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛРО БО ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ! Ҳамоиши идона дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Июнь 26, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мояи хушҳолист, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад. Хусусан, дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад. Ин матлаб 25 июн зимни ҳамоиши идонаи кормандони  Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Сарнавишти давлатдории тоҷикон ва нақши Ваҳдати миллӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» баргузор гардид, баён шуд. Дар ин хусус   АМИТ «Ховар» бо истинод мақомоти мазкур иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки айни замон мо дар давраи омодагӣ ба таҷлили 35-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, бояд тамоми имконияту нерӯ ва саъю талоши худро ба он равона созем, ки ин ҷашни муқаддасу бузурги миллиамонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои сазовор истиқбол гирем.

Дар ҳамоиш ҳамчунин иброз гардид, ки дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон, дар замири онҳо ҷой намудани дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддун, муқаддас донистани фарҳанги миллӣ яке аз масъулиятҳои волидайн ба шумор меравад.

Дар анҷом  як зумра  фаъолзанони касбу кори гуногун бо «Ифтихорнома» барои фаъолияти пурсамар қадрдонӣ  шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Июнь 26, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад