ҲАДАФ-НОИЛ ГАРДИДАН БА УСТУВОРИИ ОБ ВА ИҚЛИМ ДАР МИНТАҚА. Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оғоз ёфт

Июнь 10, 2024 11:49

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Форуми Осиёи Марказӣ дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз аз 10 то 13 июн дар Душанбе баргузор мегардад, ба кор оғоз намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Форумро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник  Рустам Назарзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи форум ташвиқи давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муттаҳид кардани талошҳо дар  самти ноил гардидан ба устувории об ва иқлим, густариши ҳамкории минтақавӣ ва табодули маълумот оид ба об, муҳити зист ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва дигар мавзуъҳо мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки  ҳадафи форум ба ташвиқи давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муттаҳид кардани талошҳо дар  самти ноил гардидан ба устувории об ва иқлим барои таъмини суботи минтақа ва таҳкими ҳамкорӣ дар минтақа тавассути беҳбуди муколамаи минтақавӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва тасмимгирандагон оид ба идоракунии захираҳои об ва иқлим ва коҳиши хатари офатҳо дар  Осиёи Марказӣ, пешбурди сиёсати огоҳона дар бораи хатарҳо, нақшаҳои мутобиқсозии миллӣ ва чораҳои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ ва табодули маълумот оид ба об, муҳити зист ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ равона гардидааст.

Дар кори форум намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи мамлакат иштирок доранд.

Аз ҷараёни кори форум давоми рӯз хабари муфассал пешниҳод мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд