Ҳайати Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии раиси кумита Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таъриху тамаддуни қадимаи халқи тоҷик аз наздик шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Меҳмонон ҳангоми тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Таваҷҷуҳи меҳмононро бештар бозёфтҳои таърихии Саразми бостон, сӯзаниҳои тоҷикӣ, дастхатҳои нодир, меҳроби чӯбии Искодар, сангнавиштаҳои қадимӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба худ ҷалб намуд.
Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ сабт кард.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






