Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиноси Бонки Осиёии Рушд оид ба масъалаҳои сайёҳӣ ва авиатсия Брендан Соби ва ҳамоҳангсози Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) Нодира Одинаева мулоқот доир гардид, ки дар ҷараёни он ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни ҷаласа масоили равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардида, имконияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо кишварҳои минтақа муҳокима шуд.
Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати мамлакат ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат солҳои охир ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар сатҳи муносиб амалӣ шуда, бо мақсади беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардид.
Ҷонибҳо баҳри тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳалли масъалаҳои мухталиф дар ин самт изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






