Дар Чин Конфронс оид ба тиҷорати рақамӣ байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд

Июнь 28, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Конфронс оид ба тиҷорати рақамӣ байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода иштирок намуда, оид ба дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар конфронс масъалаҳои муҳими тиҷорати рақамӣ байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла рушди савдои электронии интернетӣ, беҳтар гардидани инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими ҳамкориии байнидавлатӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ муҳокима гардиданд.

Намояндагони мамлакатҳои мухталиф таҷрибаи худро муаррифӣ карда, стратегияҳоро баррасӣ намуданд, ки ба сода ва тезондани раванди тиҷорати рақамӣ равона шудаанд.

Аҳлиддин Нуриддинзода вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, даъват намуд, ки ширкатҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкориро бо Тоҷикистон дар ин самт ба роҳ монанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 28, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид