Дар Душанбе густариши ҳамкорӣ дар самтҳои техника ва таҳқиқоти илмӣ баррасӣ гардид

Июнь 27, 2024 17:35

ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо директори иҷроияи Маркази байналмилалии илмию техникӣ Дейвид Клив мулоқот намуд, ки дар он густариши ҳамкорӣ  дар самтҳои техника ва таҳқиқоти илмӣ баррасӣ гардиданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот  Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 7 лоиҳа омода шуда, ба Маркази байналмилалии илмию техникӣ ворид шудааст.

Дар доираи ин лоиҳаҳо ва дастгирии маъмурияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ барои  олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имкон пайдо мешавад,  то дар соҳаи илм натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда, соҳаи илмро дар сатҳи байналмилалӣ муррифӣ намоянд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 27, 2024 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад