Дар Остона ҷаласаи Шурои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид

Июнь 26, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шурои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Остона бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод, доир гардид, Ёддошти тафоҳум оид ба маблағгузории Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ (ESG) байни бонкҳои аъзо ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» хабар доданд.

Дар ҷаласаи Шурои Иттиҳоди байнибонкӣ, ки таҳти раёсати Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки рушди Қазоқистон» ҳамчун бонки раисикунанда баргузор гардид, раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода иштирок намуд.

Дар ҷаласа ташаббусҳои бонкҳои аъзо ҷиҳати вусъат ва густариши ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, табодули таҷриба ва бозомӯзиши мутахассисони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкӣ, таҳия ва татбиқи шаклҳои нави ҳамгироӣ бо мақсади баланд бардоштани раванди маблағгузории муштараки лоиҳаҳо муҳокима гардиданд.

Илова бар ин, дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай протоколи ҷаласа ба имзо расонида шуда, мулоқоти дуҷонибаи роҳбарони бонкҳо баргузор гардид.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Июнь 26, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд