Эмомалӣ Раҳмон: «Тавоноии миллату давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот пайванди ногусастанӣ дорад»
ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ хотирнишон намуданд.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, раванди яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», вусъати рӯзафзуни ҷангҳои иттилоотӣ, таҳоҷуми фарҳангиву ғоявӣ ва дигар раванду ҳодисаҳои номатлубу хатарноки замони муосир моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.
«Дар чунин шароити ҳассос ҳар яки мо бояд ба хотири пояндагиву бақои миллатамон ва устувории давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, иродаи қавӣ дошта бошем ва манфиатҳои милливу давлатиамонро содиқона ҳимоя намоем», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Тавре дар робита ба ин Президенти мамлакат хотирнишон намуданд, ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст.
«Ин воқеиятро ҳофизаи таърихӣ борҳо собит намудааст», — илова намуданд Сарвари давлат.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат изҳор намуданд, ки ҳар яки мо бояд амиқан дарк намоем, ки азамату қудрат ва тавоноии миллат ва давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил пайванди ногусастанӣ дорад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид






