ФУТБОЛ. Машғулиятҳои омӯзишӣ аз рӯйи барномаи иҷозатномаи «В» ба охир расид

Июнь 21, 2024 19:10

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн  дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои мураббигӣ аз рӯйи барномаи муҷаввизи «В» оид ба футбол  ба анҷом расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Марҳилаи якуми машғулиятҳои мураббигӣ дар Душанбе аз 11 то 20 май ва марҳилаи дуюм аз 11 то 20 июн баргузор гаштанд.

Дастурдиҳандаи асосии машғулиятҳо инструктори Конфедератсияи футболи Осиё Боир Игамбердиев ва ёвари ӯ инструктори Федератсияи футболи Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев буданд.

Дар ҷамъбасти машғулиятҳои мураббигӣ директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков иштирок намуда, иштирокчиёнро барои хатми бомуваффақонаи машғулиятҳо табрик карда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 21, 2024 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд