Имсол корхонаи «Оби зулол»-и шаҳри Истаравшан ҳаҷми содироти маҳсулотро зиёд намудааст
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли равон корхонаи «Оби зулол» -и шаҳри Истаравшан ба маблағи 5,5 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар зиёд аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Айни замон корхона ба қабули мева оғоз карда, аз 8 июн то инҷониб аз шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 250 тонна зардолуро харидорӣ намудааст. Меваҳои қабулгардида бо истифода аз технологияҳои муосир коркард шуда, аз онҳо маҳсулоти гуногун омода ва вориди бозор карда мешаванд.
Корхонаи «Оби Зулол» вобаста ба мавсим зардолу, сиёҳолу, шафтолу, биҳӣ, себ, олую олуча ва сабзавотро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ қабул намуда, коркард менамояд. Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона илова бар бозори дохилӣ ба Қазоқистон, Узбекистон, Русия, Амрико ва дигар давлатҳо содирот мегардад.


Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол», ки соли 2000 мавриди истифода қарор дода шудааст, яке аз корхонаҳои калонтарини саноатӣ ба ҳисоб рафта, масоҳати умумиаш 10 гектарро ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти ҷамъият истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан, коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли мураббо, афшураҳои мевагӣ ва истеҳсоли ғизои кӯдаконро дар бар мегирад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо фаъолияти корхонаи «Оби зулол» аз наздик шинос гардид.
Роҳбарияти корхона барои ҳарчи бештар харидорӣ ва коркард намудани меваҳои шаҳдбор, инчунин зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ вазифадор карда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






