МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу камхуниро бартараф месозад
ДУШАНБЕ, 16.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агар шумо хотирпарешон, камхун ҳастед ва ё аз фаъолияти ғадуди зери меъда шикоят доред, пас меваи тару тозаи зардолуро истеъмол намоед. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.
Ба гуфти мутахассисон, зардолу дорои қандҳо, инсулин, лимӯ, витаминҳои гурӯҳи B, C, H, E, P, провитамини А, оҳан ва ғайраҳо мебошад. Истеъмоли зардолу гемоглобинро дар хун зиёд мекунад, ба раванди гемопоэз таъсири муфид мерасонанд, ки ин барои гирифторони камхунӣ хеле муҳим аст. Мавҷудияти миқдори зиёди оҳан дар камхунӣ, бемориҳои системаи дилу раг ва ғайра, ки ба рушди норасоии калий ҳамроҳ мебошанд, нақши муҳим дорад. Инчунин он аз ҳисоби миқдори зиёди фосфор ва магний фаъолияти зеҳниро афзун ва хотираро беҳтар мекунад. Дар зардолу инчунин пектин мавҷуд аст, ки метавонад маҳсулоти заҳрноки мубодилаи моддаҳо ва холестиринро аз бадан хориҷ кунад.
Яке аз ҷиҳати фоидаовари зардолу он аст, ки фаъолияти ғадуди зери меъдаро ба эътидол меорад, аз ин рӯ, фаъолияти ҷигар ва заҳра беҳтар мешавад.
Агар меваи тару тозаи он ба инсон фоидаовар бошад, мувофиқ ба фармудаи тибби халқӣ вақти гирифтор шудан ба бемориҳои дил, душвории нафаскашӣ ва роҳи нафас аз мағзи зардолу чой дам карда нӯшидан манфиат дорад. Мағзи зардолу дар қатори доруҳои дигар кушояндаи роҳҳои нафас ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки ин мева чӣ дар шакли тару тоза буданаш ва чӣ хушкаш фоидаовар дониста мешавад. Табибон ба занҳои ҳомиладор, инчунин он модароне, ки нав тифл ба дунё овардаанд, мунтазам хӯрдани зардолуи хушкро тавсия медиҳанд.
Зоҳиран мизоҷи зардолуи ширин гармтар мебошад. Хӯрдани зардолуи ширин, агар дар меъда вайрон нагардад, барои одамони гарммизоҷ форам аст, бӯйи бади даҳанро дафъ мекунад. Зардолуро дар об ҷӯшонида ё хушкашро як шабонарӯз дар об тар намуда, он обро бинӯшанд, моддаи сафроро бо исҳол дафъ ва дарунро мулоим мекунад, ташнагиро таскин медиҳад, фишор ва ҷӯшиши баланди хун ва сафроро паст мегардонад, тафси меъдаро сокин мекунад, оруғро дафъ месозад.
Дар баробари фоидаоварӣ истеъмоли бештари зардолу низ зарар дорад. Табибон мегӯянд, ки аз болои зардолу оби хунук, ях ва барф ва ё онро аз болои таоми душворҳазм хӯрдан бағоят зарарнок аст. Зардолуро ба дили наҳор хӯрдан бисёр бад аст. Агар зардолуро бардавом бихӯранд, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад.
Бояд гуфт, ки аз дони он равған низ омода месозанд. Равғани мағзи талхи онро ба қадри 4,5 грамм биёшоманд, кирмҳои меъдаро кушта, ба воситаи исҳол башиддат дафъ мекунад, варамҳои маъқадро таҳлил медиҳад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, барои исҳол, ки аз хунукӣ бошад, даво мешавад. Беҳуда нагуфтаанд:
Неруи дили хаста бувад зардолу,
Доруи дами баста бувад зардолу.
Аз хушку тараш на кам, на бисёр хӯред,
Аз шарбати он ба ҷисми нофор хӯред.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд






