НОРАСОИИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ. Ин масъала дар машварати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июнь 24, 2024 17:17

ДУШАНБЕ. 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардонидани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, тартиби ҳуҷҷатгузории иҷораи китобҳои дарсӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва системаи билингии пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ — ин ва дигар масъалаҳои соҳаи китобдорӣ 22 июн зимни машварат дар шаҳри Душанбе таҳти унвон «Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре дар Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд, машварат дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дарназардошти ғояҳои давлатдории миллӣ таҳия намудани китобҳои дарсӣ, ҳамзамон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, махсусан дар самти таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ доир гардид.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода иброз намуд, ки «мушкилоти дигаре, ки имрӯзҳо дар самти китобдорӣ ба чашм мерасад, ин дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани ҳуҷҷатнигорӣ ва ҳисоботи бухгалтерии адабиёти таълимӣ дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо мебошад. Дар робита ба ин масъулини соҳаро зарур аст ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур ҳар чӣ бештар чораҳои амалӣ андешанд».

Раҳим Саидзода дар охир ба мушовирони бахши китобдории раёсату шуъбаҳои маориф ва масъулини Вазорати маориф ва илм дастур дод, то ҷиҳати роҳ наёфтани ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти иҷораи китобҳои дарсӣ ва роҳҳои пешгирии он, тарзи аз эътибор соқит кардани китобҳои фарсудашуда, роҳҳои бартараф намудани қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ, гузаронидани санади муқоисавӣ байни шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ, муайян намудани шумораи хонандагон, пешниҳоди дархост барои таъмин намудан бо китобҳои дарсӣ, бо мақсади аз байн бурдани норасоии адабиёти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҳамкории китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳангоми пешниҳоди эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ саҳлангорӣ накарда, дархости китобҳои дарсиро дуруст ба вазорат пешниҳод намоянд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2024 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд