РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба он ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши фарҳангӣ – фароғатӣ ва озмуни «Рассоми беҳтарин байни кӯдакон» доир гардид. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи академия Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «воқеан кӯдакон давомдиҳанда ва номбардори падару модар ба ҳисоб рафта, мо насли калонро мебояд фарзандонро дар фазои орому осоишта, дар шароити мусоид бо меҳру муҳаббати бепоёни инсонӣ парварида, мутобиқ ба руҳу равони онҳо амал намуда, онҳоро дар руҳияи дӯст доштани волидон, Ватан, табиат, ҷамъият, арзишҳои миллӣ тарбия намоем, то кӯдак оянда дар ҷамъият мавқеи худро пайдо карда тавонад».
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ин сана ба мо, калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мо аст. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббатамонро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Дар доираи озмуни «Рассоми беҳтарин байни кӯдакон» кӯдакон бо шавқу ҳаваси бепоён дар рӯи замин расмҳои дӯстдоштаи худро кашиданд. Онҳо дар саҳни бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рассомӣ намуда, аз ҳунару истеъдоди худ волидон ва дигар иштирокдорони ҳамоишро воқиф намуданд. Дар озмун кӯдакон расмҳои ватандӯстонаашонро пешкаши ҳозирин намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






