РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намояндаи парлумони Узбекистон: «Аз тағйирёбии иқлим занон бештар аз дигарон азият мекашанд»

Июнь 11, 2024 08:17

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Авҷ гирифтани муноқиша ва мухолифатҳо, тағйирёбии иқлим, кам шудани захираҳои об ва дигар бойигариҳои табиӣ инсониятро ба вазъи мураккаб рӯ ба рӯ кардааст. Аз ин мушкилот занон бештар аз дигарон азият мекашанд. Бинобар ҳамин ҳалли ин мушкилот бе ҳузури занон ғайриимкон аст. Чунин иброз дошт Раиси кумитаи парлумони Ҷумҳурии Узбекистон оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ Малика Қодирхонова зимни баргузории Форуми байналмилалии «Занон ва об», ки  дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 10 июн дар Кохи Наврӯз баргузор гардид.

Номбурда  изҳор дошт, ки «ҷомеаи ҷаҳонӣ кайҳо эътироф кардааст, ки дар идораи захираҳои обӣ, аз ҷумла об барои таъминоти хоҷагии деҳот, дастрасии баробар ба захираҳои обӣ ва назорат ба он занон бояд дар баробари мардон ҷалб карда шаванд. Санади сиёсӣ ва Рӯзномаи амал барои асри   ХХI, ки зимни Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд моҳи июни соли 1992 дар Рио-де-Жанейро қабул шудааст, таъкид мекунад, ки занон дар истифодаи оқилонаи муҳити зист нақши ҳаётан муҳим доранд. Зарур аст, ки иштироки баробарарзиши онҳо дар қабули қарорҳо оид ба идораи захираҳои об, кам кардани сарбории занон ва духтарон таъмин карда шавад. Уҳдадориҳои гирифта тадриҷан дастрасии осон ва бехатарро ба оби нӯшокӣ барои ҳама муҳайё мекунанд».

— Ин дар навбати худ баҳри решакан кардани камбизоатӣ, васеъ кардани ҳуқуқ ва имконияти занон ва ҳифзи тандурустии одамон мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз мебояд самаранокии сохтори идораи маҷмуии захираҳои об дар ҳама сатҳҳо ба қадри зарурӣ баланд бардошта шавад, — таъкид кард Малика Қодирхонова.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»