САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиш доир шуд

Июнь 19, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисоди рақамӣ ва танзими равандҳои демографӣ» баргузор шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода иброз  дошт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  26 январи соли 2021 таъкид намудаанд, ки «… бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд».

Гуфта шуд, ки Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 ва мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» таҳия гардидааст.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дар ҳамоиш иброз намуд, ки  дар ҷаҳони муосир яке аз унсурҳои асосии муваффақияти иқтисодиёти рушди муътадилдошта, маҳз аз рақамикунонии иқтисодиёт вобастагӣ дорад. Ҳукумати электронӣ низоми муосири технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба ҳисоб рафта, давлатҳои олам марҳила ба марҳила ба ин система ворид мегарданд. Тоҷикистон низ ҳамқадами замон аст».

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки тибқи дастурҳои Сарвари давлат давра ба давра ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, инчунин омода намудани мутахассисони соҳа диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июнь 19, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид