Сокини ноҳияи Ҷайҳун аз замини наздиҳавлигиаш ҳосили сеюми бананро ҷамъоварӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Маъруф Қаюмов дар замини наздиҳавлигиаш дарахти банан парвариш намуд, ки айни замон ҳосили сеюми онро ҷамъоварӣ мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун иттилоъ доданд.
Ба гуфти Маъруф Қаюмов, ӯ дарахтонро аз Узбекистон барои таҷриба оварда, павариш намуд ва ду сол боз ҳосил ҷамъоварӣ менамояд. «Дарахти банан дар гармхона парвариш мешавад. Дар сардиҳои зимистон ҳарорати гармхона рӯзона 28 дараҷа ва шабона 18 дараҷа гарм нигоҳ дошта мешавад. Дарахти банан дар як сол 3-4 маротиба ҳосил медиҳад. Дар гармхона ду навъи банан, бананҳои ҳаҷман калон ва хурд парвариш мешавад, ки ҳар як дарахт то 200 дона банан ҳосил медиҳад. Иқлими ноҳияи мо барои парвариши меваҳои ситрусӣ мувофиқ аст»,-гуфт номбурда.
Ин иқдоми Маъруф Қаюмов аз ҷониби ҳамдеҳагон дастгирӣ ёфта, сол то сол сафи хоҷагидороне, ки ба парвариши меваҳои ситрусӣ машғул ҳастанд, меафзояд.
Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлии худ на танҳо банан, балки папаяи африқоӣ низ парвариш кардааст. Ҳамчунин нақша дорад, ки ананасро низ парвариш намояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






