Суратгузориш аз рафти саёҳати матбуотии хабарнигорони Чин дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 10 то 16 июни соли 2024 гурӯҳи хабарнигорони рӯзномаи «Жэнмин Жибао» дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.
14-15 июн хабарнигорони АМИТ «Ховар» ҳамкасбони худро аз рӯзномаи «Жэнмин Жибао» дар саёҳати матбуотӣ, ки дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни саёҳати матбуотии хабарнигорони Тоҷикистон ва Чин аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм», Донишкадаи Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — Устохонаи Лубан дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, инчунин боғи фарҳангӣ-фароғатии Устод Рӯдакӣ боздид ба амал оварданд.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни саёҳати матбуотии якҷояи хабарнигорони Тоҷикистону Чин пешниҳоди хонандагон мегардад.
Акрам САНГЗОДА,
Тоҳир Саид (АКС),
АМИТ «Ховар»























Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






