ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 июн, ҷумъа, 165-умин рӯзи соли 2024

Июнь 14, 2024 08:00

14 июни соли 2000 дар Душанбе ҷаласаи байнидавлатии Шурои сарони давлатҳои Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

13 сол қабл, 14 июни соли 2011 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини президенти Агентии Ҷопон оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёшки Кодер баррасӣ гардиданд.

***

14 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду  давлат баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба машқгоҳи ҳарбии Чоруқдарони вилояти Суғд сафар  намуда, рафти машқҳои байналмилалии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро  назорат бурданд.

***

14 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок  намуданд.

***

Соли 2017 дар доираи сафари расмӣ ба Арманистон  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ереван бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, бахусус рушди робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.

***

14 июни соли 2019 намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, ки  ба саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд,   мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанберо тамошо  намуданд.

***

14 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масоили муносибатҳои шарикии стратегии ду давлат баррасӣ карда шуд.

***

Соли 2022 дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» байни тимҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Вохӯрии  ин дастаҳои мунтахаб бо ҳисоби мусовӣ 0:0 анҷом ёфт.

14 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД

Рӯзи байналмилалии блогнависон.

***

Рӯзи байналмилалии донорҳои хун.

***

Дар Русия — Рӯзи кормандони Хадамоти муҳоҷират.

***

Дар Амрико иди миллӣ — Рӯзи парчам.

Июнь 14, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш