Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Урумчии Чин бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ анҷом дод

Июнь 28, 2024 15:32

ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти Беморхонаи №1-и шаҳри Урумчӣ, аз ҷумла шуъбаҳои бемориҳои қанду чашм ва онкологии он шинос шуда, бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.

Зимни шиносоӣ бо ин муассисаи тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин беморхона дар самти бемориҳои урологӣ ва сӯхтагӣ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, мулоқот кард.

Ҷамолиддин Абдуллозода табибони тоҷикро ба омӯхтани нозукиҳои табобати бемориҳои урологӣ ва сӯхтагӣ дар ин муассисаи тандурустии пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташвиқ намуда, онҳоро даъват кард, ки бо истифода аз шароиту имконоти муҳайёгардида баҳри такмили донишу таҷриба кушишу талоши хешро равона созанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 28, 2024 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд