Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 01.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Бухарест иҷлосияи солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба кори худ шурӯъ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар кори иҷлосия раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода иштирок доранд.
Мавзуи иҷлосияи 31-ум «Нақши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар меъмории кунунии амният: дурнамои парлумонӣ» буда, он то 3 июл идома хоҳад ёфт.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин эъломияи Бухарест бо тавсияҳо дар заминаи амният, ҳуқуқи башар, мушкилоти иқтисодӣ ва экологӣ ва интихоби мақомоти нави роҳбарикунандаи созмони мазкур баррасӣ хоҳад шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мешавад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд






