Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мешавад

Сентябрь 18, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 27 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа, ки таҳти роҳбарии ҷониби Тоҷикистон баргузор мегардад, иштироки Дабири кулл ва котиботи Ассамблеяи парламентии Осиё, роҳбарону аъзои ҳайатҳои парламентии зиёда аз 20 давлати аъзои созмони бонуфуз дар назар аст. Чорабинии мазкур нахустин ҳамоиши Ассамблеяи парламентӣ аст, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбонӣ карда мешавад.

Ҷаласа ба сифати минбари муассир барои табодули таҷрибаҳои пешқадам, таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, пешбурди ҳадафҳои рушди устувор ва тавсеаи ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстона дар қораи Осиё хизмат менамояд.

Басе рамзист, ки соли 2026 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё эълон гардид. Интихоби пойтахти мамлакат ҳамчун макони баргузории ҳамоиши бонуфуз далели возеҳи эътирофи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва дурандешонаи Пешвои миллат, инчунин мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории мутакобили судманди давлатҳои Осиё мебошад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд