Аз пагоҳ дар Тоҷикистон қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз пагоҳ дар Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум барои соли таҳсили 2024-2025 оғоз мегардад, иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, дунусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешавад.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.
«Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад», -гуфт ӯ.
Ба гуфтаи сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояташонро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод намоянд.
Бояд гуфт, ки имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






