Чин дар ҷануби Тоҷикистон неругоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ месозад

Июль 6, 2024 17:17

ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла, бунёди зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон саҳми муносиб ва калидӣ гузоштааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зеристгоҳҳои барқии 500 кВ — «Душанбе-500», «Суғд-500» бо дастгирии молиявии Чин бунёд гардидаанд

Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» ба масофаи 263,8 км, «Роғун-Душанбе» ба масофаи 198 км, зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ» 83,2 км бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардиданд.

«Повер-Чайна», «ТВЕА», «Хуавей», «Синохайдро», «Пингао», «Кайфа» ва «Хексин» дар татбиқи лоиҳаҳо фаъоланд

Дар маҷмуъ, барои татбиқи ин лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин 880 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои қарзи имтиёзнок пешниҳод шудааст. Дар баробари ин, сармояи мустақими ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон 197 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи элекроэнергетикаи Тоҷикистон ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши бориз гузоштаанд. Аз ҷумла, ширкатҳои «Повер-Чайна», «ТВЕА», «Хуавей», «Синохайдро», «Пингао», «Кайфа» ва «Хексин» дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба ҳайси пудратчӣ ва таҳвилкунандаи таҷҳизот иштирок менамоянд.

«CNPC» дар майдони 14 800 км2 дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон гузаронидани корҳои геофизикиро оғоз намуд

Ҳамзамон дар соҳаи нафту гази Тоҷикистон яке аз ширкатҳои бонуфузи Чин «CNPC», ки ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам сатҳи ҷаҳон нуфуз дорад, ҳамкориро ба роҳ мондааст. Аз ҷониби ширкати «CNPC», корҳои таҳлилии маводҳои геологӣ ва намунабардорӣ ба миқдори 407 адад дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон мавриди таҳлили дақиқ қарор гирифт.

Дар натиҷаи таҳлилҳо, минтақаи маҳаллии қабатҳои сохторӣ, интихоби минтақаи мусоид ва қапқонҳои эҳтимолӣ барои гузаронидани корҳои гравӣ ва магнитоиктишофӣ муайян гардиданд.

Дар асоси ин, гузаронидани корҳои геофизикӣ дар майдони 14 800 км2 дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон оғоз ёфта, охири моҳи июли соли 2024 гузарондани корҳои сейсмоинкишофӣ ба нақша гирифта шудааст.

Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо ширкати «POVER – CHINA»

Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2023 бо ширкати ТВЕА ва моҳи майи соли 2024 байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «POVER – CHINA»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба имзо расид. Дар доираи ин Ёддошти тафоҳум омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ дар нақша гирифта шуда, ширкатҳо ният доранд, ки марҳила ба марҳила силсилаи неругоҳҳои офтобию бодиро дар ҳудуди Тоҷикистон маблағгузорӣ ва бунёд намояд, ки иқтидори умумии онҳо 1500 МВт хоҳад буд.

«Eging PV Technology Co., LTD» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» зеристгоҳи барқии офтобӣ месозад

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Eging PV Technology Co., LTD»-и Чин оид ба сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Тибқи ин санад ширкати «Eging PV Technology Co., LTD» тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи аввал сохтмони зеристгоҳи барқии офтобиро бо маблағи 150 миллион доллар бо иқтидори 200 МВт дар масоҳати 250 гектар дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба роҳ монад. Маблағи умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат 35 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гардид

Дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи электроэнергетикаи мамлакат дар маҷмӯъ 35 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст, ки барои рушди соҳаи энергетика, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энергетики мамлакат мебошад, дастовардҳои мусбиро ба бор оварданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 6, 2024 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) гардид
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он самтҳои калидии ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ ва қарорҳои сиёсиро фаро мегирад
Вобаста ба устувории молиявӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва устувории иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
«АЗ ПИРЯХҲО ТО ХОҶАГИДОРОН». Барои нуҳ давлат барномаи нав таҳия карда мешавад
ОБШАВИИ ПИРЯХҲО. Ҳаёт нишон дод, ки он ҳама бонги хатар ва ҳушдорҳои Президенти Тоҷикистон чӣ қадар бамаврид ва дурбинона будаанд
Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муҳими миллӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва муҳофизати пиряхҳо баррасӣ шуданд
Дар Душанбе доир ба маблағгузорӣ барои мутобиқшавӣ, коҳиш ва ҷуброни талафоти вобаста ба пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
Лоиқ Раҳмонзода: «Яке аз хатарноктарин пайомадҳо афзоиши шумораи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ мебошад»
Дар «Dushanbe EXPO Centre» намоишгоҳи саноатии молҳои Тоҷикистон оғоз гардид
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон» зиёда аз 20 гӯша ташкил гардидааст
Дар Душанбе рушди тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Латвия баррасӣ гардид