Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон озмоишгоҳи логопедӣ ва маркази таълимии ношунавоён таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 28.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли нави хониш Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки озмоишгоҳи логопедӣ ва маркази таълимии ношунавоёнро ифтитоҳ кунанд. Дар ин хусус 23 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.
Дар факултети равоншиносӣ марказ ва лаборатория кушода шуда, дар он донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи мазкур ҷалб мешаванд.
Гуфта шуд, ки дар ин марказ асосан таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4 пешбинӣ шудааст, ки малака ва тахассуси худро такмил медиҳанд.
Ба гуфтаи масъулини донишгоҳ, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисон — логопедҳо мавҷуд аст, ки кушода шудани марказ вазъиятро дар солҳои наздик беҳтар месозад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






