Дар Душанбе мулоқоти намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон бо соҳибкорони тоҷик баргузор гардид

Июль 26, 2024 08:41

ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вохурии намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон бо соҳибкорони тоҷик баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон 582 намуди доруворӣ расман ба қайд гирифта шуда, беш аз 65 ширкати дорусозии Ҳиндустон дар истеҳсоли ин доруҳо бевосита иштирок менамоянд. Дар ҳудуди мамлакат зиёда аз 4,5 ҳазор гиёҳҳо ва растаниҳои шифобахш мерӯяд, вале ҳамагӣ 10 фоизи ин гиёҳҳо ва рустаниҳо дар истеҳсоли дору истифода мешаванд. Захираҳои бойи табиӣ, аз ҷиҳати экологӣ тоза то ҳоло истифоданашуда боқӣ мемонад.

Бинобар ин яке аз ҳадафҳои баргузории мулоқоти намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон бо соҳибкорони тоҷик баррасӣ намудани лоиҳаҳо барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли дору бо ҷалби сармояи Ҳиндустон арзёбӣ гардид.

Соҳаи дорусозӣ аз самтҳои муҳими заминагузор барои рушди иқтисод ва беҳтар гардонидани сифати ҳаёти одамон дониста мешавад. Соҳаи дорусозии Ҳиндустон давоми солҳои охир худро ҳамчун яке аз бахшҳои зудрушдкунанда нишон дода, ҳадаф гузоштааст, ки дар саноати дорусозии ҷаҳон мавқеи аввалро ишғол намояд.

Ҷониби Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории Ҳиндустон, аз ҷумла дар самти таъсис додани корхонаҳои муштараки истеҳсоли дору ҳавасманд мебошад.


Бо мақсади саноатикунонии босуръати мамлакат солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон шудааст. Дар доираи ин ҳадафи стратегӣ ва миллӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, металлургия ва мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарматсевтика, насб ва ҷорӣ намудани технологияи муосир, коркарди ниҳоии ашёи хом, аз ҷумла гиёҳҳои шифобахши доруворӣ дар назар дошта шуда, заминаҳои мусоид барои амалӣ шудани ин нақшаҳо гузошта шуданд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо тамоми шароитҳои зарурӣ барои сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин дар мамлакат раванди бунёди минтақаҳои саноатӣ, паркҳои техникӣ ва бизнес-инкубаторҳо идома дорад. Дар ин минтақаҳои саноатӣ корхонаҳои истеҳсолии хурд ва миёна фаъолият мекунанд. Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста лоиҳаҳои судмандро ҷиҳати бунёди корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсоли дору дастгирӣ менамояд.

Дар вохурӣ намояндагони беш аз 70 ширкати дорусозии Ҳиндустон иштирок намуданд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2024 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад