Дар ноҳияи Мастчоҳ ҳосили тарбузу харбуза ва дигар полезиҳо фаровон шудааст

Июль 28, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Ҳакимзода-2020»-и ноҳияи Мастчоҳ дорои 10 гектар замин буда, дар 7 гектари он полезиҳо кишт намуданд, ки айни замон ҷамъоварии он идома дорад.

Тавре дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ноҳияи Мастчоҳ аз минтақаҳои рушдкардаи соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, деҳқонону кишоварзонаш дар самти парвариши полезиҳо соҳибтаҷриба дониста мешаванд. Зеро ин минтақа яке аз таъминкунандагони асосии бозори истеъмолӣ бо тарбузу харбуза ба шумор меравад.

Раиси вилояти Суғд зимни сафари корӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Лангар» шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин хоҷагӣ заминро самаранок истифода намуда, ба кишти такрорӣ вусъат бахшида шудааст. Дар кишти дуюм кишоварзон зироати чормағзи заминӣ, лӯбиё, сабзӣ, ҷуворимакка барои дон ва ғайра ба роҳ монданд.

Дар ноҳия соли равон дар майдони беш аз 1800 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Тибқи иттилои масъулини Раёсати кишоварзии ноҳия, то 24 июл дар 1530 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуда, ин раванд идома дорад.

Инчунин бо мақсади беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ду агрегати нав дар пойгоҳи обкашии «Янтоқ-2» васлу насб карда шуд. Ин тадбири муҳим имкон дод, ки заминҳои корам бо оби полезӣ таъмин ва мушкилоти мавҷуда бартараф карда шавад.

Тибқи иттилои масъулин, дар ноҳияи Мастчоҳ 17 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, тавассути онҳо зиёда аз 20 ҳазор гектар замин обёрӣ мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 28, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд