Дар Панҷакент Форуми минтақавии саводнокии молиявӣ баргузор шуд

Июль 18, 2024 17:19

ДУШАНБЕ, 18.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар шаҳри Панҷакент Форуми минтақавии саводнокии молиявӣ, дар доираи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур давоми 5 сол аст, ки дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент амалӣ мегардад.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, иброз дошт, ки маърифати баланди молиявӣ, тақозои раванди ислоҳоти густурдаи иқтисодӣ буда, дар ҳамбастагӣ бо технологияҳои рақамии бонкӣ, низоми ғайринақдии хидматрасонӣ ба ташаккули системаи молиявии устувор, самаранок ва бехатар мусоидат менамояд ва тавсеаи он дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» пешбинӣ шудааст.

Намояндагии бонкҳои тиҷоратӣ дар шаҳри Панҷакент мавзуъҳои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, нақши бонкҳо дар рақамикунонии хидматрасонӣ, воситаҳои рақамӣ барои беҳтар намудани хидматрасониҳои молиявӣ, амнияти хидматрасониҳои бонкии рақамӣ, нақши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар рушди соҳаи бонкдориро матраҳ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки баланд бардоштани маърифати молиявӣ, рақамикунонии иқтисод, гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи босамар аз маҳсулотҳои бонкӣ аз масъалаҳоест, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Июль 18, 2024 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид