Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 13+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






