ИМРӮЗ-РӮЗИ МАЪЮБОН. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» таҳия гардидааст

Июль 8, 2024 11:58

ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  8 июл дар мамлакат Рӯзи маъюбон эълон гардидааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 164 ҳазору 631 нафар шахси маъюбиятдошта ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора гурӯҳи I — 17 ҳазору 678 нафар, гурӯҳи II -80 ҳазору 243 нафар, гурӯҳи III- 33 ҳазору 58 нафар ва кӯдакони маъюби то 18-сола 33 ҳазору 648 нафарро ташкил медиҳанд. Бахшида ба ин сана  мухбири АМИТ  «Ховар» бо сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитсон Қудратулло Қурбонзода ҳамсуҳбат гардид.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, соли равон раванди таҳия гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» ба анҷом расида, бо вазорату идораҳо мувофиқа гардидааст, ки то моҳи сентябри соли равон барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Қудратулло Қурбонзода иттилоъ дод, ки дар махзани ягонаи иттилоотии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ 1229 нафар нафақагири маъюби мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ низ ба қайд гирифта шудааст. Ҳиссаи маъюбон нисбат ба теъдоди аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ба 1,57 фоиз  баробар буда, сол аз сол ин нишондод нисбатан коҳиш ёфта истодааст.

“Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар сиёсати  инсонпарваронаи  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маҳсуб мешавад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст»-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Қудратулло Қурбонзода  шарҳ дод, ки дар мамлакат барои дастгирии маюбон асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи собиқадорон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, инчунин ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, ба монанди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор барномаҳои давлатию соҳавӣ амалӣ карда мешаванд.

Ба иттилои номбурда, «Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. 22 марти соли 2018 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсияи Созмони Миллаи Мутаҳид оид ба хуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шудааст».

«Баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи Созмони Миллаи Мутаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва тасдиқи (ратификатсияи) минбаъдаи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» ва «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» ба тасвиб расидаанд»,- тазаккур дод ӯ.

Бояд гуфт, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст, ки ба беҳбуд бахшидани шароиту имконоти онҳо мусоидат мекунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2024 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад