Математикони ҷавони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «IMO» иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 16.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар шаҳри Лондони Британияи Кабир 65-умин Олимпиадаи байналмилалии «IMO» оғоз гардид, ки то 22 июли соли равон идома меёбад. Дар олимпиадаи мазкур Тоҷикистонро математикони ҷавони аз 14 то 18- солаи тоҷик намояндагӣ мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар олимпиада дастаи шашнафараи наврасони тоҷик, ду рӯз пайи ҳам ду имтиҳон месупоранд. Ҳар як имтиҳон зиёда аз чор соат давом карда, дорои се масъалаи душворест, ки аз ҷониби олимони дунё пешниҳод ва интихоб шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар ин олимпиада Тоҷикистонро хонандагон аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе, Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Душанбе ва Филилали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Ҳисор муаррифӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи умумиҷаҳонии «IMO» бонуфузтарин сабқати илмӣ аз фанни математика дар ҷаҳон аст, ки ба он 110 мамлакати олам шомил шудааст ва имсол зиёда аз 600 ҷавони болаёқати ҷаҳон дар Донишгоҳи Бати Шоҳигарии Британияи Кабир бо ҳам сабқати илмӣ мекунанд.
Ғолибон бо медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва мукофотҳои фахрӣ қадрдонӣ мешаванд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






