МОҲИ АВГУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНДШАВИИ ГАРМИИ ҲАВО БОҚӢ МЕМОНАД? Шарҳи Агентии обуҳавошиносӣ дар ин мавзуъ

Июль 29, 2024 09:39

ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи август ҳаво дар мамлакат аз меъёри иқлимӣ аз 1+2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 31 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 23 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат,  ҳавои моҳи августи имсола ба моҳи августи соли  2023 монанд мебошад. Давоми моҳ дар минтақаҳои алоҳида,  дар баъзе ҳолатҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.

 

Моҳи август дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона то 26 ва рӯзона то 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон моҳи август ҳавои тағйирёбанда дар назад буда, дар водиҳо шабона  аз 19 то 31 дараҷа гарм ва  рӯзона аз 32 то 42 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Дар охири моҳ пастшавии ҳарорат дар назар буда, ҳаво 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона то 35 ва дар охири моҳ пастшавии ҳарорат пешгӯӣ шуда,  гармии ҳаво  20+25 дараҷаро ташкил медиҳад. Боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст ва  дар охири моҳ эҳтимоли ба амал омадани  раъду барқ вуҷуд дорад.

Дар ин давра дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳаво 26+27 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 17+19 дараҷа гарм мешавад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар охири моҳ пастшавии он  дар назар аст.

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, ҳаво то  22+24 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона то 32 ва дар охири моҳ пастшавии ҳарорат  то 26 дараҷа, шабона аз 14+19 то 6+11 дараҷа  дар назар аст.

Моҳи август дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 10+13 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 7 то 11 ва рӯзона аз 12 то 23 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

АКС: Dushanbe Travel

Июль 29, 2024 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид