Муҳандис аз Чин дар бораи бинои нави Ҳукумати Тоҷикистон маълумоти ҷолиб дод

Июль 6, 2024 08:58

ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маркази шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакиро биноҳои нав – бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ду қисмат иборат аст, зиннат медиҳад. Кушодашавии ботантанаи ин бино дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон доир гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» ба ин иншоот рафт ва бо Раиси ширкати IPPR-и ҶМЧ, муҳандиси генералӣ оид ба лоиҳакашӣ Ҷан Тонг И ҳамсуҳбат шуд.

Тавре Ҷан Тонг И гуфт, лоиҳаи сохтмон якҷоя бо ташкилоти пешбари лоиҳакашии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шаҳрсозӣ ва ҳудудсозии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия шудааст. Сохтмонро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тсзянсу Тсзянду» анҷом дод.

Бинои Ҳукумат бо миқёс, нозукиҳои мукаммали худ, ки меъмории миллии муосири тоҷикро бо услуби махсус ва ҳашаматаш ба ҳам мепайвандад, касро ба ҳайрат меорад. Тарҳи асосии лоиҳаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод намудаанд.

«Кӯшиш кардем, ки ҳангоми нақшакашӣ ва сохтмон ҳама талабот ва тавсияҳои ҷониби Тоҷикистонро иҷро намоем. Дар сохтмони бино мармар, чӯбу тахта, масолеҳи бинокории аз ҷиҳати экологӣ хушсифат истифода бурда шуд. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни ин бино ду дарахти шоҳбулут ҳифз карда шуд, ки имрӯз ба тарҳи нави умумӣ мувофиқат мекунанд. Ростӣ, ранги берунаи биноро низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуданд. Қариб ҳамаи маводи ороишӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони машҳур истеҳсолшуда, аз Чин ворид гардид. Зиёда аз 10 ҳазор тонна масолеҳ барои ороиши берунаи бино аз хориҷ ворид карда шуд», — гуфт мутахассис.

Утоқҳои барҳаво, толорҳои муҷаҳҳазшудаи замонавӣ барои вохӯриҳо, ки калонтаринашон барои 1000 нафар пешбинӣ шудаанд, бо ҳашаматнокӣ ва технологияи муосир касро ба ҳайрат меорад.

Дар тӯли тамоми кори сохтмони бино беш аз 1500 нафар коргар, ҳам аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва ҳам аз Чин ҷалб карда шуд. Дар ҳамин ҳол бештари коргарони ҷониби Чин аз дигар мамлакатҳо-Қазоқистон, Қирғизистон ба Тоҷикистон омаданд. Тақрибан 80 фоизи коргарон аз Тоҷикистон ва 20 фоизи он аз Чин буданд.

«Вазифаи асосии лоиҳакашӣ, ин ба назар гирифтани сейсмикии минтақаи сохтмон буд. Бино бо назардошти тамоми қоидаҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба заминҷунбии то 9 балла тоб оварда метавонад. Барои таъмини бехатарӣ мутахассисон озмоиши муқовимат ба сейсмикӣ гузарониданд. Бино ба мардуми тоҷик беш аз 100 сол хизмат хоҳад кард»,-иброз дошт Ҷанг Тонг И.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар сохтмони иншоот заҳмату масъулияти мутахассисону коргарони тоҷик шоистаи таҳсин аст. «Шояд дар оянда мо ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтани иншоот дар мамлакатҳои дигар ҳамкорӣ карда тавонем. Дар айни замон ширкати мо дар беш аз 100 мамлакати дунё лоиҳакаширо анҷом медиҳад, мутахассисони хуб ҳатман лозим мешаванд. Мехоҳам, ки меъморону бинокорони тоҷик ба Чин оянд ва бо дастовардҳои мо дар соҳаи сохтмон ошно шаванд», — гуфт ӯ.

Дар мавриди меъмории муосири Душанбе раиси корпоратсияи IPPR изҳор дошт, ки услуби биноҳо хеле гуногун аст.

«Тибқи мушоҳидаҳои ман, биноҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумон ба шаҳрвандон ва меҳмонон хеле писанд омадааст. Бегоҳӣ дар паҳлӯи ин биноҳо қадам зада, ман мебинам, ки одамон ба онҳо чӣ гуна наззора мекунанд, чӣ қадар хурсанду ифтихорманд ҳастанд ва дар пасманзари он акс мегиранд», — иброз дошт Ҷанг Тонг И.

Сохтмони бинои Ҳукумат, ба гуфти ин муҳандис аз Чин дар наздиктар шудани ду халқ ва таҳкими дӯстии байни онҳо нақши бузург мегузорад.

Елена БАТЕНКОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2024 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад