НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз тарафи геологони тоҷик ба 340 хоҷагӣ пешниҳоди кӯчидан ба ҷойи бехавф дода шуд

Июль 23, 2024 10:33

ДУШАНБЕ, 23.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогении геологӣ» дар шаш моҳи соли равон дар 435 деҳаҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои вилояти Суғд тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ба 340 хоҷагӣ пешниҳод барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехатар кӯчонидан дода шуд. Дар ин хусус 23 июл зимни нишасти матбуотии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки тибқи лоиҳаи «Кадастри давлатии об» мушоҳидаи реҷавӣ дар 72 обанбор ва мушоҳидаҳои такрорӣ дар 108 обанборҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Бохтар ва Левакант, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Шаҳритус, Қубодиён Ҷалолиддин Балхӣ, Вахш ва Кушониён гузаронида шуда, 40 маҳаки об барои гузаронидани ташхиси кимиёвӣ гирифта шуд.

Дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Зарафшон мушоҳидаҳои аввал дар 19 пармачоҳ, мушоҳидаҳои такрорӣ дар 51 пармачоҳ, мушоҳидаҳои реҷавии пармачоҳҳо 222 ченкунӣ гузаронида шуд. Дар рафти гузаронидани мушоҳидаҳо 124 адад маҳак гирифта шуда, таркиби химиявии обҳо муътадил арзёбӣ гардиданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2024 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад