НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рашт коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ба истифода дода мешавад

Июль 29, 2024 17:00

РАШТ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026» рӯзҳои наздик дар ноҳияи Рашт коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла ҳасиб ва коргоҳи истеҳсоли коғази ташноб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.

Бахшида ба Солҳои рушди саноат дар ноҳияи Рашт бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 21 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина соли 2024 дар ноҳия 6 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад. Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба ҳолати 1 июли соли 2024 ба 31 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 11 адад зиёд мебошад. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21 миллиону 197,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3 миллиону 326,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия бунёд ва ба истифода додани 307 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 258 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 84 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмону навсозӣ идома дошта, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода мешаванд.

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва бо шароити муосири фаъолият таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Танҳо давоми солҳои 2020-2023 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон дар ноҳия 24 бинои наву замонавии таълимӣ ва 22 синфхонаи иловагӣ барои 6200 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд.

Дар натиҷа аз 18 муассисаи таълимие, ки дар биноҳои садамавӣ фаъолият доштанд, ба истиснои муассисаи таълимии №41-и деҳаи Бароти Шарифи Ҷамоати деҳоти Ҷафр, ки сохтмони он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, дар назди дигар муассисаҳои таълимӣ биноҳои наву замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд