НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕНАЗИР АСТ. Ва ё вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест

Май 2, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 02.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлол муҳимтарин рукни давлатдорӣ буда, ба даст овардан ва устуворгардонии он аз ҳар халқу миллат талошҳои зиёдро тақозо менамояд. Таърихи соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳо аст.

— Таҷрибаи пурғановати таърихи башарият собит месозад, ки пешрафти ҳар миллату давлат ба нақши шахсиятҳои барҷаста вобастагии амиқ дорад. Барои англисҳо Уинстон Черчилл, барои фаронсавиҳо Шарл де Голл, барои кубагиҳо Фидел Кастро, барои ҳиндуҳо Маҳатма Ганди, барои русҳо Пётри Кабир, барои чиниҳо Мао Сзэдун, барои ветнамиҳо Ҳо Ши Мин, барои мардуми тоҷику форс Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ шахсиятҳое буданд, ки давлату давлатдорӣ ба номи онҳо вобаста аст.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳанӯз ибтидои кор аст. Аз ҳама мушкил таҳкимбахшӣ ва аз хатарҳои дохилию хориҷӣ эмин нигоҳ доштани истиқлолият мебошад. Таҳдидҳое, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва сарчашмаҳои маблағгузории он, қочоқи яроқу аслиҳа, ҷинояткории мутташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ба воситаи интернет ва дигар абзорҳои ахбори умум воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа барои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хатарзо мебошанд.

Берун овардани мамлакат аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тақвияти сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ба вуҷуд овардани «фарҳанги сулҳи тоҷикон», таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ислоҳоти фарогир, эҳёи аркони фалаҷшудаи идоракунӣ, қабули рамзҳои давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, ташаккули низоми қонунгузории миллӣ, боло бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, эълони чор ҳадафи стратегии Ҳукумат, фароҳам намудани шароити созгор барои тиҷорату ҷалби сармоя, оғози сохтмони неругоҳҳои барқи обии зиёд, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун», ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об, кӯшишҳо барои кам гардонидани фарқи байни шаҳр ва деҳот, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, афзоиши бесобиқаи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, буҷети давлат ва маошу нафақа намунаҳо аз ҷамъи дастовардҳои давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд.

Нобиғаҳои миллат дар замонҳои муайян умр ба сар мебаранд. Андеша, таълифот ва рисолатҳои анҷомдодаашон боиси комилшавии таърих ва наслҳои оянда мегардад. Дар замони рушди васитаҳои ахбори умум, ривоҷи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имкон ҳаст, ки аз як фард шахсияти бузургу нотакрор вонамуд созанд.

Барои як давлат ва миллат ба даст овардани истиқлоли давлатӣ масъалаи меҳварӣ ба шумор меравад. Ин ҳақиқати таърих тақозо менамояд, ки нақши шахсияти таърихӣ ва сарвари сиёсӣ дар ин масири созандагӣ ҳамаҷониба омӯхта шавад. Омӯзиш на ба хотири парастиши шахсият, балки ба хотири муайян намудани хусусияти сарварӣ, малакаи идора намудани ҷомеа дар шароити гуногуни таърихию сиёсӣ, роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳо, василаҳои амалӣ намудани идоракунии давлат, истифодаи технологияҳои гуногуни рафъи зиддияту ихтилоф дар ҷомеа, дарёфти механизмҳои ташкили ҳамкории самарабахш бо олами берунӣ, қобилияти дарки мушкилиҳои пайдошаванда на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар арсаи байналмилалӣ хосияти сирф илмӣ дорад. Ин ҷанба мубрамияти омӯзиши мавзуъро боло мебарад.

Дар асоси гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки муайян намудани нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу таҳкими истиқлоли давлатӣ ва таҳлили ҷанбаҳои сиёсии масъала дар шароити ҳассоси тағйироти геополитикию аз байн рафтани низоми давлатдории гуногун аҳамияти рӯзафзун касб намудааст.

Ҷомеа дар ҳама давру замон ба сарварии шахсе ниёз дорад, ки дар масири зиндагӣ шоҳроҳи дурусти ба мақсад расиданро нишон диҳад. Аз ин рӯ, олимону мутафаккирон ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим ба нақш ва мақоми сарвари сиёсӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар асарҳои худ хислатҳои накуи онҳоро тавсиф намудаанд. Сарварӣ барои рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеаҳо, бахусус дар марҳилаҳои ҳалкунандаи онҳо меҳвар ва ҷавҳар мебошад. Ҳамин аст, ки сарвари сиёсиро дар фарҳанги аксар халқу миллатҳо ҳамчун арзиши сиёсӣ эътироф намуда, нақши онро дар таҳкиму рушди давлатдорӣ муҳим медонанд. Назария ва консепсияҳои гуногуни илмии дар ин самт ташаккулёфта моҳияти илмии зуҳуроти мазкурро асоснок менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронеянд, ки шахсияти сиёсияшон лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро       ба таври табиӣ дарёфтааст. Ин аст, ки чеҳраи Пешвои миллат чеҳраи табиӣ, шахсияташон воқеӣ ва хизматҳояшон бунёдӣ мебошанд.

Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басе орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат давоми асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хизмат кардааст.

Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият- аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин вазъияти мушкилу мудҳиш нигоҳ накарда, барои бунёд намудани давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, беҳтар сохтани ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва илмиву фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзанда ва тақдирсоз гузоштанд. Дар таърихи инсоният ин иқдоми муфид ва нодире буд, ки бо сарварии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят тақдирсози ҳарбӣ-сиёсӣ амалӣ карда шуд.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад. Он ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунад.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гардидааст, ки боиси ифтихори мо мебошад. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Тафаккури таърихӣ имкон медиҳад, ки барои моҳияти ҳодисаҳо, мазмунан дуруст дарк кардани рӯйдодҳои пешин ва бардошти сабақи дуруст барои имрӯзу фардо тасмимҳои бехато ва дуруст гирифта шаванд.

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати мо марҳалаи нав аст. Моро зарур аст, ки хешро амиқу аниқ шиносем, анъана, урфу одат ва ҷашну маросимамонро эҳтиром намоем.

Агар дигар давлатҳо ҳангоми ба даст овардани мустақилият ва истиқлол ба мухолифатҳои дохилӣ дучор нашуда бошанд ва дар шароити амнияту субот давлатдориро соҳибӣ карда бошанд, Пешвои миллати мо дар вазъияти ниҳоят мушкили ҳарбӣ-сиёсӣ, ҷамъиятӣ, оғози ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ, ки халқи тоҷик чунин воқеаи нангинро қаблан надидааст ва он дар натиҷаи таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ ба миён омад, ҷасорат нишон дода, идоракунии давлати навбунёди миллати куҳансоли куҳанбунёди тоҷикро ба уҳда гирифта, хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз байн бурданд ва бо азму талош дар ҳар хонавода ҳукмфармо гардидани сулҳу салоҳ ва оромиро таъмин сохтанд. Дар чунин вазъ ва шароити таърихӣ рисолати идораи давлат ва берун баровардани он аз вартаи ҳалокати сиёсӣ бар дӯши Сарвари давлат вогузор гардид. Ҳол он ки дар чунин вазъияти даҳшатафзо аксари ходимони давлатӣ ва сиёсатмадорони ватанӣ аз иштирок дар ин саҳнаи барои миллати тоҷик тақдирсози таърихӣ ва барқарор кардани давлати навини тоҷикон ба тарсу ваҳм афтода, даст кашиданд.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки тибқи он Тоҷикистон низоми давлатдорӣ, дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Давоми сию панҷ соле, ки Тоҷикистон бо усули низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳукумат мекунад, ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ ноил гардидааст.

Таърихи башар шоҳид аст, ки давоми ҳазорсолаҳо давлати тоҷикон давраҳои шикасту барҳамхӯриҳоро пушти сар намуда, ҳар дафъа аз сари нав, мисоли мурғи Самандар аз хокистари таърих эҳё мешуд. Ин тақдири таърихии миллати мост, ки ҳеҷ халқи дигаре бо чунин рисолат ифтихор карда наметавонад. На Искандари Мақдунӣ, на Қутайба ва на Чингизхон азму иродаи истиқлолиятхоҳӣ ва давлатдории тоҷиконро шикаста натавонистанд.

Роҳи тайнамудаи сиву панҷсоларо пеши назар оварда, бармало дарк менамоем, ки дар ин муддат бо татбиқи консепсияҳо, нақшаю барномаҳо дар масири бунёди Тоҷикистони навин ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем. Умри Истиқлоли давлатии мо сиву панҷ сол аст, аммо умри миллати мо ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳоро фаро мегирад. Ниёгони мо дар саргаҳи фанни давлатдорӣ қарор доштанд ва  намунаҳои аввалини давлатҳоро барои башарият эҷод намуданд.

Бо масъулияти том метавон гуфт, ки ҳастии мамлакат ба ҳайси давлати алоҳидаи мустақил ба шахсияти фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди абадӣ касб намудааст.

Агар дастовардҳои усулиро канори ҳам гузорем, метавон гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд, зерсохторҳои зарурии Ваҳдати миллӣ барқарор гардиданд, сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас карда шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Давоми 34 соли баъди баргузории Иҷлосияи шонздаҳум барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даврони худшиносӣ, ҳувият ва ободонию фарҳангсозӣ ба шумор меравад.

Миллати тоҷик сохти дунявии давлатдориро интихоб намуд. Давоми таърих ин миллат дар сохтҳои сиёсии гуногун зиндагӣ намуда, суду зиёни онҳоро дар хотираи таърихии худ нигоҳ доштааст. Ин миллати бостонӣ дар давлатҳое, чун аморати Бухоро ва Иттиҳоди Шуравӣ ба сар бурдаю таҷрибаи онро дар кӯлвори таърихаш нигоҳ медорад. Ҳамин таҷрибаи таърихӣ асос шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти давлати миллии дунявиро интихоб намуданд.

Маънии истиқлолро имрӯз ба тарзҳои гуногун шарҳ медиҳанд. Аммо ба андешаи мо шарҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳи дақиқ аст. Сарвари давлат мегӯянд, ки «истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».

Акнун имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол, дорои ҳама аломату рукнҳои давлатдорӣ – умумияти забону ҳудуду фарҳанг, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ арзи ҳастӣ дорад, ки боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанду бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои хуби дипломатӣ барқарор намудааст. Дар кишварҳои хориҷӣ 39 намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар 20 давлати дигар   сафирони ғайримуқим фаъолият доранд. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сафорати кишвари хориҷӣ, 57 намояндагии созмони бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ғайридавлатӣ амал менамоянд. Тоҷикистон имрӯз аъзои зиёда аз 80 ташкилоти байналмилалӣ аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як давлати соҳибистиқлол дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии худ, ки ҷавҳари онро сиёсати «дарҳои боз» ташкил медиҳад, аъзои беш аз 170 конвенсияи амалкунандаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳамкории судмандро дар самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакат тадбиқ менамояд. Аз ин маълумоти мухтасар маълум аст, ки Тоҷикистон имрӯз соҳибистиқлол аст ва бад-ин симмат роҳу равиши тараққиёт, пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро мустақилона амалӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудаи ҷуғрофиест, ки дар он халқияту миллатҳои гуногун паҳлуи ҳам зиндагӣ ва фаъолият доранд ва онҳо барои ҳамдигар бояд на танҳо ҳамватан, балки ҳамтақдиру ҳамфикру ҳаммавқеъ бошанд. Зеро ҳаводиси хунине, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон рӯй медиҳанд, бори дигар собит менамоянд, ки ҳамраъйии шаҳрвандони мамлакат ва муттаҳидӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои террористӣ натиҷабахш аст.

Сарфи назар аз мухталифии афкори сиёсӣ ва фарқи зиёд дар сатҳи зиндагиву вазни иҷтимоӣ моро бояд як чиз муттаҳид намояд–масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану ваҳдати миллат. Бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем– барои мо вазифаи муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест!

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 2, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Тоҷикистони муосир ва давлатдории навин
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд