НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Театри Лоҳутӣ ва Чойхонаи «Роҳат» кӯчонида мешаванд?
ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо тақозои замон агар зарурат пайдо шавад, биноҳои Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва чойхонаи овозадори «Роҳат» тахриб карда мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи раиси кумита, беҳтар аст, ки мо имрӯз биноҳои хуби замонавӣ тарҳрезӣ намоем, то ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанд. «Беҳтар он нест, ки мо бинои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо номи Чойхонаи «Роҳат» бунёд созем? Муҳим он аст, ки бренди Чойхонаи «Роҳат» гум нашавад, моҳият ва аҳамияти бино бо аз нав сохтани он гум намешавад»,-афзуд Низом Мирзозода.
Вобаста ба ин ёдовар мешавем, ки 26 июли имсол муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба меҳмонхонаи «Вахш» иттилоъ дод, ки меҳмонхона тахриб шуда, ба ҷои он меҳмонхонаи замонавӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ бунёд мегардад.
Дар нишасти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол дар мамлакат хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 629,5 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 81,5 фоиз зиёд аст.
Низом Мирзозода баён дошт, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита- ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаи муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Дар айни замон 65 маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра бо нақшаҳои генералӣ таъмин мебошанд. Дар ин раванд тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Норак, Левакант ва ноҳияи Вахш, ки муҳлати амалашон гузаштааст, аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» пурра ба анҷом расида, пас аз баррасӣ дар Шурои шаҳрсозӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ҳоло дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор қарор доранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






