Пагоҳ дар Тоҷикистон маъракаи Даҳаи кумак ва дастгирии шири модар оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 август дар Тоҷикистон маъракаи Даҳаи кумак ва дастгирии шири модар гузаронида мешавад. Бахшида ба ин сана ҳар сол дар тамоми муассисаҳои тандурустӣ вохӯриҳо, ҳамоиш ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев иттилоъ дод.
Бояд гуфт, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии шири модар баргузор гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб ин маърака ҳамчун даҳа аз 1 то 10 август доир карда мешавад.
Ба гуфти Зоир Набиев, таҳлилҳои солҳои охир дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ гузаронида нишон медиҳанд, ки додани шири модар ба кӯдак солҳои пеш 34 фоизро ташкил медод ва дар айни замон он ба 41 фоиз расидааст. Инчунин додани шири сунъӣ ба кӯдакон дар деҳотҷойҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ Вазорати тандурустӣ дар ин самт корҳои фаҳмонидадиҳиро бештар намудааст. Зеро кӯдаконе, ки шири сунъӣ истеъмол мекунанд, то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.
Тавре сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1994 дар соҳаи дастгирӣ ва ёрӣ дар синамаконии атфоли навзод корро оғоз карда буд. Аз соли 1998 сар карда, дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи муваффақонаи синамаконии атфол амалӣ мешавад. Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат «Барномаи миллии коммуникатсионии «1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024»-ро таҳия ва дар амал татбиқ намуда истодааст. 1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак- ин аз рӯзи ҳомиладорӣ то 2-солагии кӯдак ба ҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонӣ-руҳии кӯдаконро дар бар мегирад.
Синамаконӣ на танҳо барои модарон ва кӯдакон муҳим аст, балки ин амал сармоягузории оқилона низ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару модарон нисбат ба тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон- гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар, тарзи дуруст додани шири модар, омӯзонидани занҳои ҳомила ва ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар ин рӯзҳо мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






