«ПОМИРИНВЕСТ – 2024». Дар давоми ду соли баргузории ин Форуми байналмилалӣ ба иқтисоди ВМКБ беш аз 2 миллиард сомонӣ сармоя ворид гардид

Июль 26, 2024 15:26

ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми ду соли баргузории Форуми байналмилалии соҳибкории «Помиринвест» ба иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 2 миллиард сомонӣ сармоя ворид гардидааст, ки ба рушди иқтисоди ин минтақаи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ин нуктаро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар маросими ифтитоҳи расмии Форуми байналмилалии соҳибкории «Помиринвест-2024», ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, таъкид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Форуми байналмилалии соҳибкории «Помиринвест-2024» беш аз 250 нафар соҳибкору сармоягузори ватаниву хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корпуси дипломатӣ, ширкату корхонаҳо иштирок намуданд.

Иштирокдорони форуми байналмилалӣ нахуст аз намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои маҳаллӣ, дастранҷи деҳқонону косибон, ҳунармандон, муҳрабофону зардӯзон, ки дар растаҳои алоҳида ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд. Масъулини вилоят имконият ва зарфиятҳои рушди Бадахшонро муаррифӣ намуданд. Форуми байналмилмилалии «Помиринвест-2024» бо намоиши навори видеоӣ оид ба имкониятҳои самоягузорӣ ва сайёҳӣ дар Бадахшон оғоз гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маросими ифтитоҳи форум гуфт, ки солҳои охир таваҷҷуҳи субъектҳои соҳаҳҳои гуногун ба ин чорабинӣ бештар гардида истодааст. Айни ҳол, дар асоси шартномаҳои басташуда 15 корхона ба маблағи 727 миллиону 200 ҳазор сомонӣ мавриди фаъолият қарор гирифтанд, ки 32 фоизи шумораи умумии созишномаҳои солҳои 2022-2023-ро ташкил медиҳанд. Дар баробари корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳамчунин 7 объект дар самти хизматрасонӣ, аз қабили марказҳои савдо, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра ба маблағи 155,5 миллион сомонӣ дар ихтиёри ҷомеа вогузор шуданд. Маблағи истифодашуда, дар маҷмуъ, 881 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Кор дар бунёд ва таъсиси 40 иншооти таъиноти истеҳсолию хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ ба маблағи 1 миллиарду 403 миллион сомонӣ идома дорад. Танҳо дар дуюмин соли охир рушди миёнаи иқтисодиёти вилоят дар сатҳи 10,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят аз 1,1 миллиар сомонии соли 2021 то ба 1,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 ва даромади буҷети вилоят, дар ин давра аз 328,5 миллион сомонӣ ба 473,2 миллион сомонӣ расонида шуд.


Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 92 иншоот ба нақша гирифта шуда, аллакай 70 иншооти саноатӣ ба истифода дода шуда, то охири соли равон боз 30 иншооти дигар мавриди истифодабарӣ қаррор дода мешаванд, ки албатта дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми сармоягузорон ва шарикони рушду соҳибкорон зиёд мебошад. Таъкид гардид, ки дар баробари корҳои анҷомдодашуда, зарфияту имкониятҳои бузурги инкишоф то ҳол интизори корбарӣ ҳастанд. Махсусан, дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва саноати сабук, яъне истеҳсоли маводи ниёзи аввалия имкониятҳо хеле зиёданд. Ҳоло дар вилоят 7 корхона ба истихроҷи канданиҳои фоиданок машғул мебошанд.

Таъкид шуд, ки соҳаи хизматрасонӣ майдонест, ки бо сарфи ками маблағ, метавонад дивидендҳои калони молиявиро ба сармоягузор биёрад. Масалан, бо таҷдиди шоҳроҳи магистралӣ теъдоди нақлиёту мусофир бамаротиб афзуда, талабот ба хизматрасониҳои гуногун зиёд шуда истодааст. Инчунин соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз омилҳои рушди вилоят мебошад, ба маблағгузорӣ ниёз дорад.

Дар вилоят зиёда аз 80 чашмаи гарму шифобахш, аз қабили Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелонде, Модиён, Бибӣ Фотимаи Заҳро ва ғайра мавҷуд аст, ки дар заминаи баъзе аз онҳо осоишгоҳҳо фаъолият доранд. Бадахшон дорои бойи олами набототу ҳайвоноти нотакрор буда, гуногунии ҷуғрофию биологии минтақаи Помир онро ба яке аз минтақаҳои нодири ҷаҳон табдил додааст.

Дар вилоят зиёда аз 2500 намуди растанӣ мерӯяд, ки қисми зиёди онҳо растаниҳои шифобахш мебошанд. Имрӯз, фаъолият вобаста ба ҳифзи ин бойгарӣ, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат хуб ба роҳ монда шуда, барои зиёд намудани ҳаҷми он корҳо идома доранд.

«Мо барои ташкили майдони растаниҳои шифобахш, аз ҷумла, ангат, хуч, қот, садбарги худруй ва дигар растаниҳои шифобахш, инчунин дар заминаи онҳо ташкили корхонаҳои фармасевтӣ дар вилоят, дар форумҳои қаблӣ пешниҳодҳо намуда будем»,- афзуд Раиси вилоят.

Таъкид гардид, ки Бадахшон дар баробари ёдгориҳои нодири табиат, ёдгориҳои қадимаи таърихӣ, аз он ҷумла ба ақоиди буддоӣ ва зардуштӣ мансуббуда низ, вуҷуд доранд.

Қалъаҳои таърихии Қаҳқаҳа, Ямчун, Вомар итизори на танҳо муаррихон, балки умуман дӯстдорони таъриху сайёҳат ҳастанд. Яке аз баландтарин қулла, Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди вилоят қарор дошта, пиряхи калонтарини дар хушкӣ вуҷуддошта- Ванҷях низ дар Бадахшон ҷойгир аст.

Ҷаҳониёне, ки дар бораи кӯли Сарез маълумот доранд, кӯшиш менамоянд, ки боре аз он дидан намоянд. Самти кишоварзӣ бо фарогирии моҳипарварию чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ он соҳаҳое ҳастанд, ки дар мавриди ба роҳ мондани истеҳсолу коркарди маҳсулот дар ин соҳаҳо мушкилоти таъминоти дохилӣ пурра ҳалли худро меёбад ва ҳам ҳаҷми содироти мол аз вилоят афзоиш хоҳад ёфт.

Дар Форуми байналмилалии «Помиринвест-2024» роҳбарияти вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, Палатаи ширкатҳои Чин дар Тоҷикистон, намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Барномаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон, намояндаи Директори генералии Рушди Энержии Хайтуо ва дигарон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, амалишавии лоиҳаю барномаҳои сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди устувор табодули назар намуданд. Инчунин дар доираи Форум санадҳои ҳамкорӣ ва тафоҳумномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.

Кори форум дар ду панел – «Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати устувор намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва «Баланд бардоштани саводнокии молиявии соҳибкорон дар бахши молия ва бонкдорӣ» идома дорад.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июль 26, 2024 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» созишномаҳои молиявӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок намуд
Дар Суғд Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт
Ҳамкории Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим бо роҳбари САҲА дар Душанбе баррасӣ гардид
Соли 2025 дар дарёи Шоҳдара Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода мешавад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 фоиз зиёд гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва низоми муҳофизати устувор мусоидат менамояд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваҳои ситрусӣ идома дорад
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ саҳми назаррас дорад
Вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд