Риояи талаботи муқаррароти қонунҳои миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ,18.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Риояи талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳар яки мо масъулияти баландро талаб мекунад. Агар мо пойбанди таассубу хурофот нашуда, муқаррароти қонунро риоя намоем, он ба манфиати иқтисодии мамлакат ва ҷомеа хоҳад буд. Ин нуктаро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар ҳамоише, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон доир ба шарҳу тавзеҳи қонунҳои миллӣ- «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ доир гардид, иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш доир ба шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва доир ба роҳҳои татбиқи босамари онҳо табодули назар карда шуд.
Таъкид гардид, ки риоя ва эҳтироми ҷашну маросимҳои ниёгон зарур аст, вале он бояд мутобиқи талаби замон доир гардад, то пеши роҳи исрофкорӣ, намоишкорӣ ва зоҳирпарастии беасос гирифта шавад.
Гуфта шуд, ки қабули қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбияи кӯдак, бахусус дар шароити пуртазоди муосир, масъулияти бештарро эҳсос намоем.
Иштирокдорони ҳамоиш вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ибрози андеша намуданд.
Тариқи рӯнамо ба иштирокдорон оид ба тағйиру иловаҳои асосӣ, бандҳои ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонун ва нишондиҳандаҳои омории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин уҳдадориҳои падару модар, муассисаҳои таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
АКС:Бонки миллии Тоҷикистон








Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст






