ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 июл, сешанбе, 205-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 23, 2024 08:00

23 июли соли 2000 моҳвораи нави табиӣ — бузургтарин сайёраи системаи офтобии «Муштарӣ»  («Юпитер»)  кашф гардидааст.

***

15 сол пеш, 23 июли соли  2009 дар шаҳри Душанбе сессияи 20-уми Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати сеюм баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба қонунҳои амалкунандаро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

***

23 июли соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи шашуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯз, 23 июли соли 2011 дастаи миллии Тоҷикистон оид ба  футбол бо дастаи миллии Сурия дар доираи давраи дуюми бозиҳои махсуси Чемпионати ҷаҳон-2014 қувваозмоӣ намуд.

***

23 июли соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси навтаъйини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор ва ҳамтои собиқи ӯ Пийер Морелро ба ҳузур пазируфтанд.

***

23 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

23 июли соли 2021 Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио дар Варзишгоҳи миллии  шаҳри Токиои Ҷопон оғоз шуданд.

***

23 июли соли 2022 сокини 10-миллионаи Тоҷикистон таваллуд шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакатро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик намуданд.

***

23 июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи футзал таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оғоз гардид, ки дар он дастаҳои шаш давлати минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза бурданд.

23 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии наҳанг.

Июль 23, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 248-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, ҷумъа, 247-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 246-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст