ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 июл, ҷумъа, 187-умин рӯзи соли 2024 аст
5 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе вохӯрии сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (Панҷгонаи Шанхай: Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон) баргузор гардид.
***
14 сол пеш, 5 июли соли 2010 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намуданд.
***
Соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Парлумони Амрикоро бо сардории узви палатаи намояндагони Парлумони Иёлоти муттаҳидаи Амрико Дэн Бэртон ба ҳузур пазируфтанд.
***
5 июли соли 2013 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар корхонаи нави пахтатозакуниро, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода доданд. Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад.
***
5 июли соли 2013 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Бохтар-Дӯстӣ ба масофаи 18 км расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Роҳ тайи як солу як моҳ бо харҷи 19 миллион доллари амрикоӣ маблаҳғи грантии Ҳукумати Ҷопон анҷом дода шудааст.
***
5 июли соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Самарқанд Парранда» мавриди истифода қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои маъмурии Неругоҳи барқии обии «Себзор» ба истифода дода шуд.
***
5 июли соли 2022 дар Швейтсария масъалаи барқарор намудани намояндагии доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
***
Соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро ба истифода доданд.
5 ИЮЛ:
Дар Венесуэла – Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Аргентина – Рӯзи кӯдакон.
***
Дар Арманистон – Рӯзи Конститутсия.