15 довталаб барои таҳсил дар Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи Москва имкони таҳсил дорад

Август 19, 2024 15:03

ДУШАНБЕ, 19.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода зиёда аз 30 довталаб аз рӯйи ихтисоси маҳорати актёрӣ дар соҳаи синамо барои дохил шудан ба Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва имтиҳон месупорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Тибқи нақшаи қабул, 15 довталаб имкони ба ин донишкада дохил шуданро дорад.

Барои довталабон донистани забони русӣ ҳатмӣ буда, ба шахсоне, ки забони англисиро медонанд,  бартарият дода мешавад.

Муҳлати таҳсил тибқи бурсияҳои Агентии федералии Федератсияи Русия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чор  сол ройгон  буда, донишҷӯён бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд.

Ҳамкории Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд додани соҳаи синамои тоҷик  тақвият меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 19, 2024 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид