33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Танҳо дар як рӯз дар Душанбе 3 мактаб барои зиёда аз 7 ҳазор хонанда бо фарогирии 400 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «АМИТ «Ховар»/. Имсол сокинони Тоҷикистон 33-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд. Мояи ифтихор аст, ки дар ин давра дастовардҳои соҳаи маориф, ки рушди он яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, беназир арзёбӣ мегардад. Танҳо 27 августи соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7 ҳазору 400 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд, ки барои таъсиси 400 ҷойи нави корӣ мусоидат намуд.
Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.
27 августи имсол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, 14, 15, Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро ифтитоҳ намуданд. Муассисаҳои таълимӣ бо тарҳи хеле зебо ва мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дорои шароиту имконоти муосири таҳсил мебошанд, ки ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар муассисаҳои таълимӣ ба масъулон барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта ба рушди илму маориф вобастагии зич дорад. Бо назардошти ҳамин Ҳукумати мамлакат солҳои охир барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароитро фароҳам овардааст.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзӣ боз ҳам беҳтар мегардад.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 омадааст, ки дар 7 соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат 1380 иншооти соҳаи маориф бунёду навсозӣ карда шуд. Соли 2023 аз ҷониби соҳибкорон дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардидааст.
Давоми солҳои истиқлолият бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуда, корҳои азими бунёдиву созандагӣ оғоз гардиданд. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохта, таъриху тамаддуни хешро медонад ва аз он ифтихор мекунад.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ иброз доштанд: «Ман ба нангу номуси миллӣ, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ва махсусан ҷавонони ватандӯсту ғаюри он эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда мамлакати азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем ва нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».
Давоми беш аз сӣ сол мардуми тоҷик тавонист, ки беҳтарин арзишҳои миллиро зинда созад, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, на танҳо фарҳанги беназири худро эҳё намояд, балки онро ба талаботи давлатдории навин ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст. Мояи ифтихор аст, ки панҷ ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгириву ҷонибдорӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ мегарданд.
Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои ободонию созандагӣ идома ёфта, сохтмони мактабҳо, роҳу пулҳо ва иншооти гуногун баҳри зиндагии шоистаи мардум ба истифода дода мешаванд.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Бисёр муҳим аст, ки мо қадру қимати Ватани азизи худ – Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем».
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»