Ба 30 нафар занони ҳунарманду соҳибкор гранти Раиси вилояти Хатлон дода мешавад

Август 11, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 11.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар вилояти Хатлон ба 30 нафар занон гаранти Раиси вилояти Хатлон пешниҳод мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Тавре Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 9 август зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, шумора ва ҳаҷми маблағи грантҳои раиси вилоят барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон зиёд карда шуд. Ҳоло 30 нафар ғолибони гранти раиси вилоят аз ҳисоби соҳибкорзанони Хатлон бо дарёфти аз 15 то 25 ҳазор сомонӣ (ҷамъан 500 ҳазор сомонӣ) метавонанд лоиҳаҳои тиҷоратиашонро амалӣ намоянд.

То ин муддат ҳамасола 21 гранти раиси вилоят барои дастгирии соҳибкорзанони Хатлон ба маблағи умумии 250 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардид.

Тибқи қарори Раиси вилояти Хатлон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025», гранти раиси вилоят таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба занони ҳунарманду соҳибкор дода мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд