Байни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 22 август дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.
Тавре дар Кумитаи телевизион ва радио хабар доданд, дар доираи Ёддошт ҷонибҳо дар самти табодул ва таҳияи контентҳои муштарак, аз ҷумла хабарҳо, гузоришҳои мавзуӣ, барномаҳо, филмҳои мустанад, инъикоси рӯйдодҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои ду ҷумҳурӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Инчунин ҳарду ҷониб дар доираи тавон ва имкон ба шабакаҳои давлатии телевизионӣ ва радиоие, ки дар ҳудуди ду давлат пахш мегарданд, мусоидат намуда, кумаки техникӣ мерасонанд.
Инчунин дар заминаи воҳидҳои сохторӣ ба табодули таҷрибаи касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон дар муассисаҳои таълимии якдигар мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ семинарҳои муштарак, суҳбатҳои “мизи мудаввар” ва дигар чорабиниҳо баргузор менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






