Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
МУЪМИНОБОД, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ шуда, бо дастгоҳҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Тавре сартабиби беморхона Самандар Давлатов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, дар айни замон дар беморхона корҳои таъмирию навсозӣ идома дошта, кормандон ба шинонидани гулу гулбуттаҳо ҷалб шудаанд.
Беморхона соли 2001 ба фаъолият шуруъ намуда бошад ҳам, то инҷониб беморон аз норасоии оби ошомиданӣ ва полезӣ танқисӣ мекашиданд. Ҳоло дар ҳар ҳуҷра барои беморон шароити хуб фароҳам оварда шуда, бо оби гарму хунук ва рахти хоб таъмин мебошанд. Масъулини беморхона нақша доранд, ки ҳар ҳуҷраро бо кондитсионер ва яхдон таъмин намоянд.
Беморхона дорои 10 шуъба буда, аз 189 кат иборат аст. То ин ҷониб 1379 бемор бистарӣ ва аз ин 1331 нафар муолиҷа гирифтаанд. Барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ 3 мошини ёрии таъҷилӣ фаъолият доранд.
Дар ноҳияи Муъминобод дар маҷмуъ 71 табиб ва 767 корманди миёнаи тиб ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Барои фароҳам овардани шароити муносиб барои беморон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти гуногун ворид карда шудаанд, ки кори табибонро хеле осон менамоянд.
Самандар Давлатов иброз дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, пешгирӣ ва коҳиш додани фавт нақша дорем, ки шароити беморхонаро боз ҳам беҳтар намоем.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






